Суғд: Коҳиши ҷиноятҳо вобаста ба нашъаҷаллобӣ
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон Искандарзода).- Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2015 28 ҷиноят ошкор шудааст, -хабар дод сардори Раёсат Музаффар Ҳотамӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки имрўз доир гардид. Аз гардиши ғайриқонунӣ 131 кг 019 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки аз он 15 кг 422 граммашро навъи ҳероин ташкил медиҳад. Барои содир намудани ин ҷиноятҳо 44 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ки 6 нафар пеш судшуда ва 1 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошад. Ҳамчунин дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилояти Суғд 134 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор ва 305 кг 964 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст. Маҷмуан дар вилояти Суғд дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҷиноятҳои марбут ба нашъаҷаллобӣ коҳиш ёфтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






