Суғд: нишасти хабарӣ бо иштироки А. Қодирӣ
Хуҷанд, 10.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- 9 июл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд барои хабарнигорон нишасти хабарӣ ташкил намуд, ки дар он наздик ба 70 нафар намояндаи васоити ахбори омма иштирок намуд. Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят амалишавии чанд барнома, алалхусус дар самти ислоҳоти кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ободонии роҳҳо идома ёфт.
Бояд гуфт, ки мутобиқ ба амалишавии таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм дар миқёси вилоят аз 2968 адад хоҷагии мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, наздик ба 50 ҳазор адад хоҷагии нав таъсис дода шуд. Дар масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 — 14 адад маркази омӯзишӣ ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст то охири соли равон шумораи он ба зиёда аз 100 адад расонида шавад.
Дар самти ободонии роҳҳо, А.Қодирӣ зикр намуд, ки соли равон дар миқёси вилоят идомаи “Барномаи соли роҳҳои обод” амалӣ шуда, мутобиқ ба нақша дар ин самт дар соли 2015 корҳо дар масоҳати 3100 км ба анҷом расонида мешаванд, ки барои амалишавии он 91 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. То 1 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 2000 километр роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд. Ба иттилои раиси вилоят дар самти бакорандозии коргоҳҳои хурду миёна дар миқёси вилоят дар соли 2015 дар нақша ба истифодадиҳии 170 коргоҳ бо 5300 ҷои нави корӣ дар назар аст
Вобаста ба нақшаи даромад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот А. Кодирӣ зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 99,4 % иҷро гардида, ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби 366 корхонаи саноатии ҳисобдиҳанда 210 корхона сатҳи истеҳсолоти маҳсулотро ба 57,4 % нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд бардоштаанд, ки дар ин раванд аз 87 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда истеҳсоли 48 номгӯй 55,2 % афзуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






