Таҳдиди хатарҳои навини ҷаҳони муосир зери ниқоби ислом
Душанбе, 23.07.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Тайи ду рӯз аст, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» ҷараён дорад, ки дар он меҳмонони беш аз 15 кишвари хориҷӣ, намояндагони созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доранд. Ташкилкунандаи конфронс Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конфронси имрӯза аз ду бахш иборат буда, бахши аввал «Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини Ваҳдати миллӣ, мубориза ба муқобили экстремизми динӣ ва терроризм» ном дошта, дар он аз ҷумла ба мавзӯъҳои «Омилҳои иҷтимоӣ- фарҳангии ифротгароии динии занон», «Таҳдиди хатарҳои навини ҷаҳони муосир зери ниқоби ислом», «Шеваҳои таблиғоти ҳузурӣ ва интернетии гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ва роҳҳои пешгирии ин раванд», «Заминаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии пешгирии паҳншавии экстремизм ва терроризм» ва «Ташаккулёбии асосҳои ҳуқуқии мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби коршиносон маърӯзаҳо қироат гаштанд.
Дар маърӯзаҳо гуфта шуд, ки қисмати бештари занон на ба таври дастаҷамъӣ, балки ба таври инфиродӣ ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст мешаванд.
Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» таҳти унвони таҷрибаи минтақавии байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили экстремизми динӣ ва терроризм идома ёфта, дар он мутахассисон ва коршиносони аҳли дин аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ба монанди Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Қувайт, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Покистон ва Ҷумҳурии федералии Олмон аз таҷрибаи кишварҳои худ дар роҳи мубориза бар зидди терроризму экстремизм маърӯза карда истодаанд .
Бояд гуфт, ки кори конфронс имрӯз низ идома меёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






