Тақдими 100 китоб ба китобхонаи Кӯҳистони Масчоҳ
Хуҷанд, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Маҳфили илмӣ-адабии «Ганҷи сухан» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти 129-уми худро дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар ҳузури сокинони ин ноҳияи дурдаст баргузор намуд. Гурӯҳи олимону адибонро аз шаҳри Хуҷанд сокинони Кӯҳистони Масчоҳ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бо самимияти афзун қабул намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, маҳфил дар деҳаи зебоманзари Ревомутк бештар аз 200 сокини ноҳияро гирди ҳам овард.
Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода баргузории маҳфилро дар густариши фарҳангу адабиёт фоли нек арзёбӣ намуд. Пас аз шунидани маърӯзаҳои олимону шоирон ба китобхонаи ноҳиявии Кӯҳистони Масчоҳ аз номи раиси вилоят беш аз 100 дона китоби тозанашр ҳадя гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






