Тақдими ваксинаи зидди бемории фалаҷ аз ҷониби ИМА
Душанбе,09.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Насим Олимов, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Кейтлин Макдоналд ва намояндаи доимии ЮНИСЕФ Лючия Элми дар маросими тақдими ваксинаи зидди бемории фалаҷ ба миқдори 900 000 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар Маркази миллии эмкунӣ сурат гирифт,ширкат варзиданд.
Бино ба дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, USAID бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO), Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) ва вазорат миқдори лозимии ваксинаро дар якҷоягӣ мушаххас намуданд. USAID ваксинаи зидди бемории фалаҷро тавассути низоми харидории ЮНИСЕФ дастрас намуд.
Новобаста ба он ки Тоҷикистон мақоми кишвари озод аз фалаҷро ба даст овард, соли 2010, баъд аз 13 сол бидуни ягон ҳолати гузориш ин беморӣ аз сари нав хуруҷ кард. Кумаки мазкур ҷиҳати пешгирӣ намудани хуруҷи навбатии беморӣ ба амалӣ намудани барномаи самаранок ва мунтазам оид ба эмкунӣ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






