Таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ

Июль 11, 2015 04:20

Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Рушди неруи инсонӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ : вазъ ва дурнамои он» ва «Таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ»- таҳти чунин унвонҳо 10  июл бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ду конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ барпо шуд. Конфронсҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 700-солагии алломаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф доир гардиданд.
Дар конфронс муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, сардорони раёсати дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як зумра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, доираи васеи олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда,   ҳамзамон беш аз 40 мавзӯъ дар бахшҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифт.

Июль 11, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд