Таъмини аҳолии деҳаи Ваҳдат бо оби нӯшокӣ
Турсунзода, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Турсунзода ду обанбор бо ғунҷоиши 250 куб ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии обанбор роҳбарияти шаҳр ва сокинони деҳоти мазкур иштирок карданд. Баробари ба истифода додани обанбор беш аз 200 нафар сокини деҳаи Ваҳдат ва сокинони деҳаи ҳамсояи он бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Тибқи иттилои мутахассисон барои ба кор даровардани бунгоҳи обкашӣ ду қубури зеризаминӣ пайваст шуда, аз масофаи 4,5 км об оварда шудааст. Иншооти обтаъминкунӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати ҶТ бунёд гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






