Ташкили беш аз 400 чорабинии ватандӯстона барои наврасону ҷавонон
Душанбе, 21.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумита дар самти ватандўстӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 дар пойтахт беш аз 40 ва дар тамоми минтақахои ҷумҳурӣ 340 чорабиниро ба роҳ монд, ки ин омор дар нимсолаи якуми соли 2015 зиёд гардида, дар давоми шаш моҳи соли соли 2015 дар самти ватандӯстӣ 54 чорабинӣ дар пойтахт ва 488 чорабинӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид,-таъкид шуд имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.
Бино ба иттилои раиси кумитаи мазкур Аҳтам Абдуллозода дар доираи ин чорабиниҳо ҳамчунин барои ҷавонон туризми дохилӣ равнақ дода шуд, ки ин нишони як қадам пеш рафтани ҷавонон ва муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






