Татбиқи Лоиҳаи идораи партовҳои сахти маишӣ дар Исфара
Хуҷанд, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо бонкири пешбар оид ба инфрасохтор дар Русия ва Осиёи Марказии Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид Денис Курбатов, сарпарасти лоиҳаҳо дар шуъбаи мунитсипиалӣ ва инфрасохторӣ Ҷамшед Холов ва мушовири лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар вилояти Суғд Шуҳрат Розиқов мулоқот кард.
Ҳадафи асосӣ аз таҳия ва татбиқи лоиҳа беҳдошти сатҳи идораи сохтории партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарии шаҳр ва кам намудани теъдоди бемориҳои сироятии бар асари партовҳои сахти маишӣ зуҳуркунанда мебошад.
Маблағи лоиҳа 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 2 миллион доллари он ҳамчун грант ва 2 миллион доллари он ба тариқи қарзи имтиёзноки дарозмуҳлат — то 15 сол пешниҳод хоҳад шуд.
Бино бар қарордоди тарафайн таҳлили иқтисодию иҷтимоӣ ва баҳодиҳии техникии лоиҳа аз ҷониби ширкатҳои машваратии байналхалқӣ дар наздиктарин вақт шурӯъ хоҳад гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






