Татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо

Июль 10, 2015 12:18

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -10-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди СММ  (БРСММ)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳафтуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоти байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. 
Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва баррасии ҷараёни иҷрои қарори Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки тибқи нақша дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳия мешаванд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон аъзои Гурӯҳи корӣ вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии машваратӣ, ки  21 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, пешниҳоди судманд баён доштанд.
 Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БР СММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.

Июль 10, 2015 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад