Теъдоди ҷавонон ва занон дар хизмати давлатӣ афзудааст

Июль 7, 2015 10:02

Душанбе,07.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Теъдоди занон ва ҷавонон дар хизмати давлатӣ афзудааст. Дар ин хусус  Ҷумъа Давлатов -директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ 7 июл зимни нишасти матуботӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Зикр шуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ 136 нафар  ва занон 21 нафар афзудааст.
          Алҳол дар Тоҷикистон 5561 нафар хизматчии давлатӣ  дар мансабҳои роҳбарикунанда  фаъолият дошта,  аз ин шумора 1109 нафар  ё 20% занон  ва 1273 нафар ё 22,8 % ҷавонони то 35 сола мебошанд.
       Дар маҷмӯъ, дар кишвар тибқи маълумоти оморӣ  шумораи хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 582 нафарро ташкил дода, 7968 нафар ё 42,8 %-и онро ҷавонони то синни 35 ва 4414 нафар ё 23,7 %-и онро занон ташкил медиҳанд.

Июль 7, 2015 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш