Террористони ДИИШ маводи мухаддир истеъмол мекунанд
Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ба гузориши хабаргузории «Донишҷӯёни Эрон», ба нақл аз шабакаи «Ал-арабия», дар пайи ёфт шудани осори маводи мухаддир дар порчаҳои бадани террористоне, ки ба масҷиди Имом Содиқи Кувайт ҳамла намуда буданд, собит гардид, ки аъзои ДИИШ маводи мухаддир истифода мекардаанд.
Тибқи ахборе, ки мунташир шудааст, маводи мухаддири мазкур, ки «шиша» (кристалл) ном дорад, ниҳоят хатарнок буда, касе, ки як ё ду маротиба аз он истифода барад, ба он гирифтор муътод гардида, ба харобшавии тахайюлот мубтало мешавад. Яъне, ин модда ба системаи асаби инсон таъсири калон расонида, шахси мубтало он тахайюлотеро мебинад, ки дар воқеият вуҷуд надорад. Асаби инсони истеъмолкунандаи маводи «шиша» ба куллӣ хароб гардида, ӯ метавонад ба куштани наздикон ва ҳатто худаш даст бизанад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






