«Тоҷик Эйр» бо 826 парвози рафтуомад беш аз 154 ҳазор мусофирро интиқол додааст
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 826 парвози рафтуомад анҷом ёфта, 154 ҳазору 500 мусофир интиқол дода шудааст. Ҳаҷми интиқоли бор 428,4 тоннаро ташкил додааст. Дар ин бора имрўз, 7 июл зимни ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2015 вобаста ба фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» қайд гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуотии «ФБД» Маҳмадюсуф Шодиев дар ҷаласа бахшҳои иқтисодии корхонаҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, масъалаҳои вобаста ба маркетинг ва масоили иҷтимоии корхонаҳо баррасӣ шуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки новобаста аз бўҳрони иқтисодии кишварҳои пасошўравӣ ва кам шудани шумораи мусофирони ҳар ду корхона роҳҳои баромадан аз бўҳрони иқтисодӣ ва фаъол нигоҳ доштани парки ҳавопаймоӣ, маҷмўи хизмарасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳоро кор карда баромада, дар шаш моҳи сипаришуда ба нишондиҳандаҳои иқтисодии зарурӣ ноил гардиданд.
Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоӣ-техникӣ савияи тахассуси худро баланд бардошта, 5 муҳандис соҳиби дараҷаи якум 1 муҳандис соҳиби дараҷаи дуюм, 5 техники ҳавопаймо соҳиби дараҷаҳои гуногун гардид. Бозомўзии касбии ҳавонавардон ва тайёр кардани ҳайати парвозӣ доир гардида, барои ҳавопаймои Боинг-737-200- 2 ҳавонаварди дараҷаи дуюм, барои Боинг-737-300- 2 сарҳавонавард ва 3 борт- механик омода шуданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба 528 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст. Миқдори бор ва почтаи қабул ва интиқолдодашуда 1434 тоннаю 704 кг- ро ташкил кард.
Дар оянда корхонаҳо суръати фаъолияти худро суст накарда дар самти беҳтар гардонидани ваъи молиявӣ ва навсозии парки ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон чораҳои мушаххас хоҳанд дид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






