«Тоҷикматлубот» дар маҳаллаи навбунёди Шуғнон фурӯшгоҳ месозад
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мутобиқ ба дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрӣ ба зарардидагони офати табиии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қарори дахлдор қабул намуд.
Мувофиқи он барои сокинони осебдидаи деҳаҳои Барсем ва Бердикободи ноҳияи мазкур Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 20 хаймаи будубош ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ туҳфа намуд.
Ҳамчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бунёди як фурўшгоҳи замонавиро дар маҳаллаи аз нав бунёдшаванда барои сокинони деҳаҳои мазкур, ки дар минтақаи бехавф ба нақша гирифта шудааст, ба уҳда дорад.
Бинобар иттилои раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳ. С. Идиев сохтмони фурўшгоҳи мазкур дар маҳаллаи навбунёдшаванда оғоз ёфтааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






