«Тоҷиксуғурта»: 646 ҳазор сомонӣ кумак ба зарардидагони Рашту ВМКБ
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба аҳолии зарардидаи ноҳияҳои Рашт, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба маблағи 646 ҳазор сомонӣ кумаки саривақтӣ расонида шуд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии корхонаи мазкур Сатторӣ Аловуддин Мирзо ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Роҳбари корхона гуфт, ки ба ҳар як хоҷагии молу амволашон пурра нобудшуда ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ ва ба хоҷагиҳои қисман зарардида ба андозаи 2 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба ноҳияи Рашт ба маблағи 156 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Ванҷ, Рӯшон, Шуғнони ВМКБ ба маблағи 490 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ воридшуда 63,3 фоиз ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 36,7 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб мебошад. Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида 6 миллиону 226 ҳазор сомонӣ ба 7 ҳазору 749 нафари молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ҳақгузорӣ карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






