Тоҷирони Италиё дар Тоҷикистон
Душанбе, 21.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати иқтисодии Италиё бо сарварии роҳбари Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди косибии созмони ғайриҳукуматии UMBRIA EXPORT Энзо Фалоччи ба манзури роҳандозии равобити тиҷоратӣ бо аҳли тиҷорати Тоҷикистон ва дарёфти мушорикони фаъол аз Тоҷикистон боздид намуд.
Дар ҳошияи боздид мулоқоти ҳайат бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид баргузор гардида, дар ҷараёни он масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар мулоқот намояндагони 25 ширкату корхонаҳои асосии саноати хурокворӣ, соҳаи коркарди маҳсулот, дорусозӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ Тоҷикистон иштирок доштанд.
Шариф Саид иброз дошт, ки соҳибкорони Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти Италиё мебошанд.
Ҳайати Италиё ба ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи миллии савдои берунии Италиё бо лоиҳаи UMBRIA EXPORT – и Иттиҳоди Аврупо, ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, вазъи мусоиди маблағгузорӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






