Толибон доктор Наҷибуллоро аз қабр берун кашиданд
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки хабаргузории «Ҷумҳур» хабар медиҳад, толибон ҷасади доктор Наҷибулло, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистонро аз қабр берун кашидаанд.
Тавре ки дар хабар омадааст, гурӯҳи толибон дар вилояти Пактиё ҷасади доктор Наҷибулло — раиси ҷумҳури собиқи кишварро аз қабр берун кашида, нобуд кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Наҷибулло Аҳмадзай, маъруф ба доктор Наҷибулло ҳафтумин раиси ҷумҳури Афғонистон ва охирин раиси ҷумҳури режими коммунистии Афғонистон буд.
Доктор Наҷибулло дар рӯзи вуруди толибон ба Кобул дар таърихи 27 сентябри соли 1996 аз маркази СММ дар Кобул боздошт гардид ва ҳамроҳи бародараш Шоҳпур Аҳмадзай кушта шуд.
Толибон ҷасадҳои онҳоро дар чорроҳаи Ориёно овехта, мавриди тамасхур қарор дода буданд. Баъди ба қатл расидан, ҷасади доктор Наҷибулло дар соли 1996 аз Кобул ба шаҳри Гардези вилояти Пактиё интиқол ёфта, ба хок супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






