Туркия эълон кард, ки худаш ба ДИИШ зарба мезанад
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Туркия Аҳмет Довутоғлу оғози амалиёти миқёсан калонро дар марзи Сурия тасдиқ кард.
Бино ба гуфтаи ӯ, Туркия нахустин бор дар манотиқи сарҳадии музофоти Килиси ба нуқтаҳои ДИИШ зарбаҳои ҳавоӣ зад. Барои ин амалиёт Туркия ҳавопаймои қиркунандаи F-16 — ро истифода кард. Имрӯз Сарвазири мамлакат Аҳмет Довутоғлу истифодаи аслиҳаро дар мубориза бо террористони марзи Сурия тасдиқ кард. Бино ба иттилои ВАО-и ҷаҳонӣ, дар ҳудуди Сурия низ ҳадафҳо ба нишон расидаанд.
Чунон ки Аҳмет Довутоғлу ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст: «Акнун қувваҳои ҳавоии Туркия бе ягон огоҳӣ минбаъд ба нуқтаҳои террористон ҳуҷум мекунанд. То имрӯз Туркия эълон мекард, ки танҳо ба тирпаронии ҷониби Сурия зарбаи ҷавобӣ мезанад. Минбаъд ба ҳар як ҳамлаи нави террористони ДИИШ ҷавоб гардонида мешавад».
Ба ғайр аз ин, имрӯз Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган тасдиқ кард, ки Туркия ба артиши ИМА барои истифода кардани бошгоҳи Инҷирлик иҷозат додааст, вале танҳо дар чорчӯбаи муайян. Созишномаи истифодаи бошгоҳи ҷанубу шарқии Туркия миёни Анқара ва Вашингтон ҳафтаи равон ба имзо расид. Аз ин бошгоҳ тайёраҳои амрикоӣ барои бомбаборон намудани ҳудуди Сурия равон карда мешаванд. Президент эълон дошт, ки Туркия ва Амрико иқдомҳои муштаракро дар мубориза бо «Давлати исломӣ» мувофиқа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз ҳамлаи ахири террористони ДИИШ ба дидбонгоҳи сарҳадии Туркия ва кушта шудани як хизматчии ҳарбӣ Туркия қарор кард, ки ҳавопаймоҳояшро истифода намояд. Дар ҷавоб артиши Туркия мавқеи террористони ҳудуди Сурияро бо танку тӯп торумор кард. Ин воқеа пас аз чанд рӯзи ҳамлаи террористон ба шаҳри Суруҷи Туркия, ки дар натиҷаи он 32 нафар, асосан донишҷӯён ҳалок гаштанд, рух дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






