Турсунзода: маркази ташхисӣ ва томографӣ ба истифода дода шуд
Турсунзода, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- То 1 июли соли ҷорӣ 17 ҳазору 280 тонна ғалла, 22 ҳазору 628 тонна сабзавот, 3 ҳазору 353 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, иброз дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода. Ӯ афзуд, дар нимсолаи аввал дар шаҳри Турсунзода як ҳазору 678 ҷои нави корӣ таъсис ва барқарор шуд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бинои чорошёнаи даҳҳуҷрадор, бинои панҷошёнаи истиқоматии понздаҳҳуҷарадор бо ҷойгир намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои панҷошёнаи истиқоматии 26 ҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ ва бинои маркази ташхисӣ ва томографӣ ба истифода дода шуд. Тибқи нақша дар нимсолаи дуюм низ як силсила биноҳои нав ба истифода дода хоҳанд шуд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






