У.Қурбонов: «Ба 30 ҳазору 993 бемор кумак расонида шуд»
Душанбе, 6.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Фаъолияти ташхисию табобатӣ ва машваратию сарпарастиро кормандони донишгоҳ дар 38 кафедраи клиникӣ, Маркази таълимию клиникии «Стоматология», Маркази ташхисию табобатӣ таъмин менамоянд»,-зикр намуд ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов.
Дар ин давра аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 30 ҳазору 993 бемор кумаки табобатию машваратӣ расонида шудааст. Аз ҷумла, дар кафедраҳои соҳаи ҷарроҳӣ 6 ҳазору 390 амалиёти гуногунҳаҷм иҷро шудааст. Аз тарафи устодони варзидаи донишгоҳ аз тариқи авиатсияи санитарӣ ба беш аз 80 нафар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ кумаки машваратӣ расонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






