Қумандони калидии Толибон «Мулло Зиндонӣ» дар Афғонистон маҳв карда шуд
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба изҳороти ВКД-и Афғонистон, рӯзи панҷшанбе 23-юми июл қумандони калидии Толибон Мулло Зиндонӣ дар ҷануби музофоти Ҳилманди Афғонистон кушта шудааст.
Чунон ки дар изҳорот омадааст: «Субҳи рӯзи панҷшанбе нозирони полиси минтақаи Мусо Қалъа дар роҳе, ки Мулло Зиндонӣ мегузашт, камин гирифта, ӯро маҳв карданд».
Мулло Зиндонӣ қумандони калидии Толибон дар минтақаҳои Мусо Қалъа ва Каҷакӣ буда, маҳви ӯ шикасти бузург барои ошӯбгарони мусаллаҳи ҷанубии Афғонистон гардид.
Толибон то ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






