Қурғонтеппа: пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Июль 30, 2015 11:58

Душанбе,30.07.2015 (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).-Дар Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри  Қӯрғонтеппа бо иштироки васеи кормандони соҳаи тандурустии маркази  вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардид, ки дар он масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар ҷамъомад вобаста ба тарбияи дурусти фарзандон ва воқеаҳои ҷаҳон сухан рафт. Амонулло Шаймонов, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, ки аз вилояти Хатлон 65 нафар ба давлати Сурия рафтааст, ки 39 нафараш аз минтақаи Қӯрғонтеппа  мебошад.  Мутаассифона,  то имрӯз  22 нафараш кушта шудааст. Бо дарки ин мушкилот кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Қӯрғонтеппа ин амалро маҳкум намуда, баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта андешаҳои хешро иброз намуданд.

Июль 30, 2015 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!