Қуръакашии Ҷоми “Истиқлол” 1-уми август доир мешавад
Душанбе,31.07.2015(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон )-,Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”-и пойтахт, ки барои бори сеюм бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор мегардад, рӯзи 8 август оғоз хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки барои иштирок дар Ҷоми навбатии Клуби футболи “Истиқлол” дастаҳои футболи хурди вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муаассисаҳо, бонкҳо, сафоратхонаву намояндагиҳои даватҳои хориҷии дар ҷумҳурӣ мустақаршуда ва инчунин дигар идораҳо роҳ дода мешаванд. Аъзоҳақӣ барои ширкат дар мусобиқа 3000 (се ҳазор) сомонӣ муқаррар шудаст. Дар мусобиқа бозингарони синнашон аз 24 боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бозингарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа роҳ дода намешаванд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои ин мусобиқа дар майдончаҳои футболбозии чаманашон маснӯии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд. Дар айни замон 20 даста иштироки худро дар Ҷоми КФ “Истиқлол” тасдиқ кардааст ва дастаҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин мусобиқаро доранд, метавонанд бо онҳо пайваст шаванд.
Ёдовар мешавем, ки мукофотпулии Ҷоми имсолаи Клуби футболи “Истиқлол” 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ, дастаи финалист ба маблағ дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо маблағ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозингарони беҳтарин ҳам бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки қуръакашии Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд 1 август, соати 11.00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






