Қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон доир гардид

Июль 20, 2015 12:24

Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ “Ховар”  Меҳрони   Курбон).-Дар  маҷлисгоҳи  Федератсияи  футболи  мамлакат 16 июл  қуръакашии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми миллӣ баргузор шуд. Хотиррасон   менамоем, ки дар ин марҳилаи мусобиқа 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 ластаи лигаи якум ширкат дорад. Мувофиқи куръакашӣ барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон  дастаи “Истиқлол”-и  пойтахт ва ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионат дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ба гурӯҳҳои алоҳида партофта шуданд.
Бояд  зикр  кард, ки мувофиқи қуръакашӣ дар марҳилаи якҳаштниҳоӣ ҷуфтҳои зерин созмон дода шуданд:
«Истиқлол»-и Душанбе бар  «Парвоз»-и Бобоҷон  Ғафуров,  «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Канд»-и Конибодом, «Помир»-и Душанбе бо  «Равшан»-и Кӯлоб, «Вахш»-и  Қӯрғонтеппа бо «Исфара»-и Исфара,«Панҷшер»-и Румӣ  бо КМВА «Помир» Душанбе, «Далерон-Ӯротеппа» -и Истаравшан бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе, «Чашма»-и Шаҳритӯс  бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Саройкамар»-и Панҷ бо «Хайр»-и Ваҳдат.
Бозиҳои якуми 1/8 финалӣ рӯзҳои 25-26 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 4-5 август доир мешаванд.
Ёдрас месозем, ки  ҷоизапулии Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом бо 40 ҳазор сомонӣ ва дастаи финалист бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми миллии мамлакат рӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

 

Июль 20, 2015 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд