ВКД: Мусодираи беш аз 2,5 тонна маводи нашъадор
Душанбе, 25.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- Аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 2 тоннаву 666 (2014-3287) кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор 1 тоннаву 377 (2014-1561) кг ё 51,6 фоизро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира намудаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ ироа намуд.
Бино ба гуфтаи вазир, дар ин давра 19 нафар дар содир намудани 17 ҷиноят дар самти қочоқи металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо дастгир гардида, аз онҳо ба миқдори 332 грамм металли қимматбаҳои тилло бо арзиши беш аз 63 ҳазор сомонӣ ва 194 грамм санги қиматбаҳои ёқути сурх бо арзиши 68 ҳазору 816 сомонӣ мусодира шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






