Вохӯрии ғайрирасмии сатҳи баланди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо

Июль 14, 2015 06:17

Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар Ҳелсинки 10 июл вохӯрии ғайрирасмии сатҳи баланди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид. Ҳайати кишварро дар ин нишаст Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насридинов намояндагӣ намуд.
Чорабинӣ бо ибтикори кишвари раисикунандаи САҲА дар соли 2015- Ҷумҳурии Сербия ва дастгирии Финляндия танзим шуд, ки дар ҳошияи он ҳайатҳои гуногунсатҳи  кишварҳои иштироккунанда ва шарикони Созмон ширкат доштанд.
Дар кори нишасти ғайрирасмии сатҳи баланд масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, мушкилиҳои мубрами рӯз дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин маҷмӯи дастовардҳо дар тӯли 40 сол муҳокима  шуданд.

 

Июль 14, 2015 06:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад