Вохӯрии Рустамҷон Солиев бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук

Июль 7, 2015 13:06

Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел 6 июл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия баргузор гардид.
Ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаро мусбат арзёбӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

 

Июль 7, 2015 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш