Восеъ: соҳаи саноат ва сохтмон рушд меёбад
Кўлоб,25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар нишасти матбуотии ноҳияи Восеъ зикр шуд, ки кормандони соҳа дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2 млн. 212 ҳазору 561 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки 105,7 фоизро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки дар соли ҷорӣ кормандони соҳаи саноат 3872,4 тонна орд, 210 тонна равғани растанӣ, 3295 тонна намаки ошӣ, 425, 4 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва ҳамзамон 8100 дал оби ҷав истеҳсол намуданд.
Қобили зикр аст, ки заҳматкашони ноҳия дар соҳаи сохтмон низ ба пешравӣ ноил шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сохтмончиён ба маблағи 23 млн. 416, 2 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз худ гардид. Дар ин замина корҳои сохтмониву васлгарӣ ба маблағи 20 млн. 972,1 ҳазор сомонӣ тибқи нақша иҷро шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






