Вуруди зиёда аз 90 млн. сомонӣ қарзи андоз ба буҷети давлат
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар самти қонунгузории андозу гумрук 260 санҷиши прокурорӣ амалӣ гардида, бо натиҷаи онҳо ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2945 санади эътиноии прокурорӣ ба тасвиб расонида шуд, ки аз натиҷаи баррасии онҳо 7594 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 53 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз ба судҳо 46 аризаи даъвогӣ ба маблағи умумии 41,9 млн. сомонӣ пешниҳод шудааст, ки 28 даъво ба маблағи 13,1 млн. сомонӣ қонеъ гардида, 18 даъвои дигар дар баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Прокурори генералӣ, баҳри кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз бо натиҷаи чораҳои эътиноии прокурорӣ зиёда аз 91 млн. сомонӣ қарзҳои андоз ба буҷети давлат ворид шуда, 20 парвандаи ҷиноятӣ оид ба пинҳон намудани 20 млн. сомонӣ андозҳо оғоз шудааст.








Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






