Ёрии «Амонатбонк» ба зарардидагон аз офати табиӣ
Душанбе, 25.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз бо ибтикори раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода барои кумак ба зарардидагони офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт ба маблағи беш аз 24 ҳазор сомонӣ маводи хӯрокӣ (орд ва равған) фиристонида шуд.
Лозим ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми июли соли ҷорӣ баргузор гардид, барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодае, ки рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рух доданд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Субҳи имрӯз бо ибтикори раиси Раёсати Бонк Руҳулло Ҳакимзода ба маблағи беш аз 24 ҳазор сомонӣ кумаки ғизоӣ, ки иборат аз орду равған буд, ба осебдидагон фиристода шуд.
Ба иттилои манбаъ ба ВМКБ 60 халта орд ва 60 равғани растании 5 литра ва ба минтақаи Рашт 50 ададӣ орду равған фиристода шуд.
Раёсати бонк ният дорад, ки ин иқдомро идома диҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






