Забоншиносон дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 24.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ»- таҳти чунин унвон 27 июли соли равон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир мегардад, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин чорабинист. Интизор меравад, ки дар конфронс дар радифи намояндагону масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин забоншиносону донишмандони кишварҳои форсизабон -Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ширкат намуда, доир ба масоили вожасозии навин дар забони форсӣ, зуҳуроти наввожаҳои электронӣ ва дигар паҳлӯҳои истилоҳоти забони форсӣ- тоҷикӣ маърӯза намоянд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






