Задухӯрди қочоқчиёни мусаллаҳи афғон бо сарҳадбонони тоҷик
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар асоси маълумоти фаврӣ шаби 5 ба 6 июл соати 01:00 шаб наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз дидбонгоҳҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғонро иборат аз 10-13 нафар дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад ошкор намуд, ки дар натиҷа байни қочоқчиён ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрди дарозмуддат ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷаи он чанд нафар аз қочоқчиён захмдор шуда, ду нафари он безарар гардонида шуд, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 270 кг маводи мухаддири чарс мусодира шуда ва ду ҷасади қочоқчии 35-40 солаи афғон муайян карда шуд.
Дар айни замон аз тарафи мақомоти дахлдори КДАМ ҶТ оид ба ҳодисаи мазкур тафтиш ва корҳои фаврӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






