74 ҷангии ифротгаро дар Афғонистон маҳв карда шуд

Август 27, 2015 02:34

Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як амалиёти муштараки неруҳои амниятии Афғонистон дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар 74 ҷангии гурӯҳи ифротгарои «Толибон» маҳв гардид. 
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, амалиёти поксозӣ дар вилоятҳои Ҳилманд, Қундуз, Ҳирот, Нангарҳор, Зобул,  Пактиё, Кобул ва Урузгон роҳандозӣ шуда, ҳамчунин 13 силоҳбадаст захмӣ ва як нафар боздошт шудааст. 
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни ин амалиёт аз қароргоҳи ифротгароён муҳимоти гуногуни ҷангӣ дарёфт ва мусодира шуд.
Ёдовар мешавем, ки тайи рӯзҳои охир дар қаламрави Афғонистон барои поксозии минтақаҳои ин кишвар аз гурӯҳҳои террористиву ифротӣ амалиёти густурда идома дошта, дар натиҷаи он садҳои ҷангиёни силоҳбадаст маҳв гардидаанд. 

 

Август 27, 2015 02:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!