74 ҷангии ифротгаро дар Афғонистон маҳв карда шуд
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як амалиёти муштараки неруҳои амниятии Афғонистон дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар 74 ҷангии гурӯҳи ифротгарои «Толибон» маҳв гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, амалиёти поксозӣ дар вилоятҳои Ҳилманд, Қундуз, Ҳирот, Нангарҳор, Зобул, Пактиё, Кобул ва Урузгон роҳандозӣ шуда, ҳамчунин 13 силоҳбадаст захмӣ ва як нафар боздошт шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни ин амалиёт аз қароргоҳи ифротгароён муҳимоти гуногуни ҷангӣ дарёфт ва мусодира шуд.
Ёдовар мешавем, ки тайи рӯзҳои охир дар қаламрави Афғонистон барои поксозии минтақаҳои ин кишвар аз гурӯҳҳои террористиву ифротӣ амалиёти густурда идома дошта, дар натиҷаи он садҳои ҷангиёни силоҳбадаст маҳв гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






