87 ҳазор сомонӣ зарар ба буҷаи ноҳияи Вахш
Қӯрғонтеппа, 06.08.15. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). -Прокуратураи вилоят дар ноҳияи Вахш ошкор сохт, ки А..А. дар вазифаи директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Созандаи Вахш» фаъолият дошта, барои тоза намудани каналу заҳбурҳои ноҳияи Вахш бо идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Вахш шартномаи пудратӣ бастааст.
Тавре ёрдамчии калони прокурори вилоят Хатлон Варқа Зайниддинов иттилоъ дод, ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда, барои тоза намудани каналу заҳкашҳои ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» 87000 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардидааст.
А.А. тибқи шартномаи басташуда, ўҳдадор гардида буд, ки маблағи 87000 сомонро баро тоза кардани каналу заҳбурҳои ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳия истифода мебарад.
Аммо А.А. 87000 сомонӣ маблағи буҷети маҳаллиро, ки ба номбурда бовар карда, ба суратҳисоби бонкиаш гузаронида шуда буд, 30-январи соли 2014 аз мақоми хизматиаш истифода намуда, ғайриқонунӣ барои пардохти қарзи андози Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Созандаи Вахш» гузаронида,корҳои тоза намудани каналу заҳбурҳои пешбинишударо иҷро накардааст.
Ба иттилои манбаъ, бо ин кирдорҳои худ роҳбари ҶСК «Созандаи Вахш» ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст. Ин ҷиноят, ки зиёни амволиро ба бор овардааст, бо роҳи фиреб ё суйистифода аз боварӣ содир шудааст.
Дар ин асос, 5-майи соли соли 2015 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбат ба роҳбари ҶСК «Созандаи Вахш» бо моддаи 253 қисми 3 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, дар айни ҳол мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






