Ҳадяи Маркази илм ва фарҳанги Русия ба китобхонаи марказии Ҳисор
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо роҳбарии намояндагии Маркази мазкур дар Тоҷикистон, муҳтарам В.О. Курнушко ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостон 100 адад китоб аз ҳисоби «Китобхонаи классикҳои рус. 10 аср дар 100 ҷилд», яъне аз ҳар 100 ҷилд як нусхагӣ ба таври ройгон ба Китобхонаи мутамарказонидашудаи Ҳисор ҳадя гардид.
Тавре ки дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ додааст, тақдими китобҳо ва Сертификати туҳфа аз тарафи ин марказ ба Китобхонаи марказии ноҳия дар сатҳи тантанавӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






