Афғонистон: ноҳияи Мусо-Қалъа аз толибон озод карда шуд
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эълом дошт, ки ноҳияи Мӯсо Қалъаи музофоти Ҳилманд аз толибон озод карда шуд.
Бино ба иттилои «Хома пресс», дар рафти амалиёти низомӣ беш аз 220 ҷангии Толибон кушта ва захмӣ карда шудаанд. Инчунин нерӯҳои амниятӣ садҳо таҷҳизоти таркандаи худсохтро ошкор ва безарар гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе силоҳбадастони Толибон қисми зиёди ноҳияи Мӯсо Қалъа, аз ҷумла маркази маъмурии онро забт карда буданд. Нерӯҳои Афғонистон бо дастгирии СААШ (НАТО) амалиёти барқарорсозии назоратро дар ин минтақа оғоз карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






