Афғонистон: Шумораи кушташудагони Толибон ба 94 нафар расид
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба гузориши Вазорати мудофиаи миллии Афғонистон, 94 ҷангии Толибон, аз ҷумла се фармондеҳ дар натиҷаи амалиёти поксозӣ дар сар то сари ин кишвар кушта шудаанд.
Дар натиҷаи амалиёти поксозии музофотҳои Форёб, Қундуз, Сари-Пул, Кунар, Кобул, Бодғис, Зобул, Урузғон, Ғазнӣ, Қандаҳор ва Ҳилманд 94 ҷангии Толибон, аз ҷумла 3 қумандон безарар гардонида шданд.
Дар амалиёт, 100 ҷангии Толибон ҷароҳат бардошта, 22 тани дигар боздошт гардид.
Миқдори зиёди силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардида, 12 минаи зидди воситаи нақлиёт пайдо ва безарар карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз аз кушта шудани 52 ҷангии Толибон дар 9 музофоти ин кишвар хабар дода буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






