Афзалияти либоси ягонаи мактабӣ аз хориҷӣ
Душанбе, 11.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Соли равон фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва ашёи хониш дар Маҷмаи савдои «Пойтахт -90», инчунин дар ҳудуди бозорҳои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Корвон» ба роҳ монда шудааст. Сайфулло Амонов- сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе мегӯяд, ки бо назардошти омода намудани либоси ягонаи мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагии «Гулистон», «Гулдаста», «Нассоҷии Тоҷик» ва дигар коргоҳҳои дӯзандагӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил шудааст, воридоти либосҳои мактабӣ аз хориҷи кишвар коҳиш ёфт.
Либоси ягонаи мактабӣ дар асоси фармоиши волидайни толибилмон ва роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар корхонаҳои дӯзандагии кишвар истеҳсол мешавад, ки аз лиҳози сифат ва дӯхт ҷавобгӯи стандарт буда, аз матоъи пахтагин омода шудааст. Арзиши як адад либоси мактабӣ аз 200 то 250 сомониро ташкил медиҳад, меафзояд С. Амонов.
Истеҳсол ва ба фурӯш гузоштани либоси ягонаи мактабӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ дар қиёс ба либоси мактабие, ки аз хориҷи кишвар оварда мешавад, афзалият дорад. Зеро дар сурате, ки андозааш мутобиқат накунад ва ё нуқс дошта бошад, метавон онро иваз кард. Фурӯши либоси ягонаи мактабӣ дар бозорҳои пойтахт аз 1 август шуруъ гардида, то 31 август идома меёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






