Афзоиши хизматрасониҳои бонкӣ дар Роғун
Душпнбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Аз ҷониби бонкҳои шаҳри Роғун дар соли ҷорӣ, ба миқдори 44 239,9 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулакӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4 747,5 ҳазор сомонӣ афзунтар мебошад.
Ин нишондод ба бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 23 142,0 ҳазор сомонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 20 218,0 ҳазор сомонӣ, Филиали ҶСК «Агроинвестбонк» 879,9 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳои мазкур ба маблағи 19 760,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷиратони меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 632,8 ҳазор сомонӣ кам аст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо барои дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён ба маблағи 2 629,9 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки аз ин миқдор додаи шўъбаи бонки давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» 1 311,5 ҳазор, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 438,3 ҳазор, флиали ҶСК «Агроинвестбонк» 879,9 ҳазор сомонӣро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






