Аксияи умумиҷумҳуриявии “Мактаб-макони маърифат”
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Ҳ.Усмонов №66 ба 8 нафар хонандаи мактабҳои ҷамоатҳои Ёва , Исфисор, шаҳраки Ғафуров, Овчиқалъача , Унҷӣ , Ҳ.Усмонов маводҳои хониш тақдим карда шуд.
Дар чорабинии мазкур масъулини шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоят ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” иштирок доштанд. Онҳо толибилмонро бо оғози соли хониши нав муборакбод намуда, даъват ба амал оварданд, ки наврасон бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд. Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои аксия дар МТМУ№ 58 шаҳраки Ғафурови ноҳия оид ба масъалаи ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил масъулин бо падару модарон мулоқот намуда, дар бобати нақш ва мавқеи оила дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, омода намудани насли наврас ва ҷавонон ба ҳаёти мустақилона додани, эътибори ҷиддӣ ба тарбияи кӯдакон дар оила, роҳҳои пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, саҳми ҷавонон дар пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, ҷалби онҳо ба узвияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” сӯҳбат намуданд.
Ёдрас мешавем, ки аксияи мазкур дар вилояти Суғд идома дошта, то имрӯз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров бо дастгирии вакилони Маҷлисҳои маҳалли, раисони КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ ба зиёда аз 753 нафар кӯдакони ятим, бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат сару либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






