Ғалабаи “Саройкамар” бар “Хайр”-и Ваҳдат
Душанбе, 06.08.2015(АМИТ «Ховар», Меҳрони Курбон)-.Тоҳир Муминов, Сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат баъди мағлубияти ин тим аз “Саройкамар”-и Панҷ аз вазифа сабукдуш шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Хайр” аз дастаи “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди ин бохт президенти дастаи “Хайр” — Қутбиддин Хайров сармураббиро аз мақом барканор кардааст. Оқои Хайров дар мағлубияти даста сармураббиро айбдор мекунад. “Ӯ натавонист дастаро ба бозии даври ҷавобӣ омода созад. Аз ҳамин лиҳоз қарор дар бораи барканории ӯро қабул кардам”.
Ба гуфтаи президенти даста минбаъд масъулияти сармураббӣ бар души Исроил Идиев гузошта мешавад. Хотирасон менамоем, ки дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар ҷадвали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон бо 19 хол дар зинаи сеюм қарор гирифта, рӯзи 9 август дар даври 11-уми мусобиқот бо дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вориди рақобат мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






