Ҷаласаи 8- уми Кумитаи осиёии «Санъати афсонагӯӣ»
Душанбе, 05.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Рӯзҳои 2- юм ва 5- уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 8- уми Кумитаи осиёии кишварҳои Осиёи миёна ва Корея оид ба «Санъати афсонагӯӣ» баргузор гадид.
Дар кори ҷаласа коршиносон аз Ҷумҳурии Корея, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.
Аъзоёни Кумита ба мувофиқа расиданд, ки дар кори ҷаласа бо муаллифони минтақаҳо дар бораи таҳия ва нашри китобҳои тасвирӣ, муаррифии мероси ғанӣ ва ягонаи мардуми Осиё Фестивал- озмуни «Санъати афсонагӯӣ» баргузор намоянд.
Кумита қарори кушодашавии Маркази фарҳангии Осиёро дар шаҳри Гуанджуи Ҷумҳурии Корея, ба маросими ифтитоҳи онро дар моҳи сентябри соли ҷорӣ қабул кард.
Зимни вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирокчиёни ҷаласаи 8- уми «Санъати афсонагӯӣ» доир гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






