Ҷаласаи корӣ дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода вобаста ба татбиқи нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ доир ба тақвияти иқтидори истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда ва дастгирии соҳибкорӣ ҷаласа баргузор шуд.
Тавре таъкид гардид, ибтидои соли равон Сарвари давлат дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ шиддат гирифтани ваъзи сиёсии минтақаҳои гуногуни олам, таъсири бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои ҷаҳонии молия ва ашёи хом, инчунин дигар омилҳои манфии ба рушди иқтисоди кишвар таъсиррасонро пешбинӣ намуда, Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда сиёсати самараноку афзалиятноки воридотивазкуниро дар соҳаи истеҳсолӣ роҳандозӣ ва татбиқ намояд.
Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба рушди истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда ва дастгирии соҳибкории ватанӣ ахбороти роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат шунида шуд.
Бо назардошти масъалаҳои дар ҷаласа муҳокимагардида, Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки барои кам кардани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт, таъмини мунтазами бозори истеъмолии кишвар бо захираҳои молӣ бо истифода аз имконоти дохилӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, таъмини бемайлони талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ ва истифодаи ҳатмии захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ андешида, барои дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи доимамалкунандаи тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






