Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилояти Хатлон
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз тарафи Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар ташкил гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Раёсати АНМН назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани миқдори беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин амали номатлуб мавриди муҳокима дода шуданд.
Қайд гардид, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилоят ва маҳалҳо дар самти мухталиф корро ташкил намуда, яке аз самтҳои асосии фаъолияташ гузаронидани чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ мебошад.
Рафти ҷаласа аз тарафи ТВ Хатлон ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинони вилоят гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






