Ҷаласаи васеи гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳал
Душанбе, 07.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кории ин ниҳоди давлатии навтаъсис доир гардид, ки дар рафти он як қатор масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли равон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Вобаста ба иҷрои супориши раиси Кумита дар бораи татбиқи барномаи Стратегияи рушди маҳал, Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва рафти тайёрӣ ба ҷашнгирии иду маъракаҳои сиёсӣ дар Кумита гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур гурӯҳи корӣ вазифадор гардид, ки ҷиҳати саривақт ва босифат иҷро намудани чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






