Ҳалокати 12 нафар бар асари таркиш дар Таиланд
Душанбе, 17.08.2015. (AMИT «Ховар»).- Бар асари як таркиш дар маркази тиҷоратӣ ва сайёҳии пойтахти Таиланд-шаҳри Бангкок 12 нафар ҳалок шуда, 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре «РИА Новости» иттилоъ медиҳад, ин таркиш дар наздикии чорроҳаи Ратчапрасонг, дар минтақаи тиҷоратӣ ва сайёҳии шаҳр, ки мағозаҳои калон ва ибодатгоҳи асосии ҳиндуҳо ҷойгиранд, рух дод. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ бо роҳбарии сардори полиси раёсати шаҳрӣ кор бурда истодаанд. Полис ҳоло гуфта наметавонад, ки дар ин ҷо мототсикл ё мошин таркидааст. Аз ин ду ҳолат якеаш имконпазир аст. Эҳтимоли таркиши балони газ низ мавҷуд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






