Ҳалокати 3 нафар дар садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ронандаи мошини тамғаи Мерседес-Бенс, сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол — писарчаи 2-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, баъдан ба канори роҳ баромада, мошинро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, мусофири 60-сола ва пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин пиёдагарди дигар ва мусофири дохили мошин марди 59-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






