Амалиёти навбатии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Август 6, 2015 03:50

Душанбе, 06.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 1 август то 7 сентябри соли равон  дар қаламрави кишвар Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” доир мегардад.
Дар амалиёт кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллӣ бо ҷалби васеи наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ташкиливу ободониро анҷом дода, ба ин васила дар тозагию зебоии кишвар саҳм мегузоранд.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақсад аз баргузории амалиёти экологӣ тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар арзёбӣ мегардад. Дар амалиёт хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд. 

 

Август 6, 2015 03:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд