Ҷамъбасти курси омӯзишии «Зан-Роҳбар»
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пеш бурдани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, иҷрои Нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” курси омӯзишии “Зан-Роҳбар” бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур 3 июли соли равон оғоз гардида буд. 28 нафар занони фаъол аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияткунанда тули давраи муайяншуда дар курси мазкур фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани гувоҳнома мушарраф гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






